Новости

Корҳои фаҳмондадиҳии пешазинтихоботӣ
Корҳои фаҳмондадиҳии пешазинтихоботӣ

Интихобот чорабинии сиёсиест, ки аз ҳар як фарди ватандӯст овоздиҳии оқилонаро тақозо мекунад. Вобаста ба ин ҳамарӯза аз ҷониби раёсати МДТ “ДДТТ ба номи абӯалӣ ибни Сино” миёни омӯзгорону донишҷӯён сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Ба ин мақсад санаи 06.10.2020. сардори бахши таъминоти ҳуқуқӣ - Саидов Ҷ.З. ва муовини ректор оид ба тарбия - Қурбонбекова П.Қ. байни муовинони декани факултетҳо оид ба интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Сараввал муовини ректор оид ба тарбия суханронӣ намуда, вобаста ба моҳияти интихобот гуфта гузаштанд. Қайд намуд, ки донишҷӯёне, ки дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқомат мекунанд бояд сари вақт даъватномаҳоро ба онҳо расонед. Ҳисси миллӣ ва ватандӯстиро дар онҳо бедор намоед. Касоне, ки дар қайди ноҳияҳои дурдаст ҳастанд ва фурсати худро дар қайди шаҳр ё донишгоҳ мондан надоранд агар имконияти рафтан ба ноҳияҳоро надошта бошанд бояд ба донишгоҳ омада, худро дар рӯйхати иловагӣ ба қайд гирифта, дар интихобот фаъолона иштирок намоянд. Инчунин, дар рафти интихобот фосилаи иҷтимоиро риоя намоянд. Шуморо мебояд дар ин рӯзҳои ба шумормонда миёни донишҷӯён зиёдтар корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоед.

Сипас, сардорӣ бахши таъминоти ҳуқуқӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҳар як шахс ҳуқуқи озодона дар интихобот иштирок карданро дорад. Аз ин рӯ, Шуморо мебояд дар замири донишҷӯён чунон ҳисси ватандӯстиро ҷой намоед, ки иштирок дар интихоботро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморанд. Ман умедворам, ки донишҷӯёни донишгоҳи мо ба ҷонибдории номзади арзандаро мешиносанд ва ба ҷонибдори ва дастгирии ӯ овоз медиҳанд. Иштирок дар интихобот ин иштирок дар тақдирсозии ояндаи миллату давлат аст. Бинобар ин, аз ҳамаи шумо тақозо менамоям, ки то дар ин маъракаи сиёсӣ бетараф набошед ва донишҷӯёнро низ дар ин руҳия тарбия намоед.   

Шуъбаи тарбия